ABNA24: Ба гузориши “Shafaghna”, гурӯҳи террористии ДИИШ рӯзи якшанбе дар баёнияе иддао кард, дар ҳамалоти ракетии ин гурӯҳ ба нуқоти мухталифи шаҳри Кобул, бахши низомии фурӯдгоҳи ин шаҳри осеб дидааст.
Дар рӯзҳои ахир Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон гуфта буд, гурӯҳи террористии ДИИШ ҳушдор додааст, ки агар зиндониёни ин гурӯҳ эъдом шаванд, Кобулро ба қурбонгоҳи шиаёни ин шаҳр табдил хоҳад кард.
Гурӯҳи террористӣ такфирии ДИИШ пеш аз ин низ масъӯляти ҳамалоти террористӣ ва мушакӣ дар Кобулро дар ҳоле ба ӯҳда мегирифт, ки давлати Афғонистон ин ҳамалотро кори гурӯҳи Толибон медонист.
342/